11 Октябр 2025 - 22:33
Source: Parstoday
Трамп ноком монд/ Сиёсатмадори венесуэлаӣ барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел 2025 шуд

Кумитаи Нобел Мария Корина Мачадо, сиёсатмадори венесуэлаиро ба унвони барандаи имсоли ҷоизаи Сулҳи Нобел эълом кард.

Кумитаи Нобел рӯзи ҷумъа Мария Корина Мачадо, сиёсатмадори венесуэлаӣ ва раҳбари мухолифони ин кишварро ба унвони барандаи имсоли ҷоизаи Сулҳи Нобел эълом кард.

Пеш аз ин бархе расонаҳо гумоназаниҳоеро дар мавриди номзадии Доналд Трамп дар масири муаррифии ҷоизаи Сулҳи Нобел матраҳ карда буданд, ки дар ниҳоят раиси ҷумҳурии Амрико дар ба даст овардани ин ҷоиза ноком монд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз ИРНА, Кумитаи Нобели Норвегия аз Мачадо ба хотири он чӣ “талошҳои бевақфаи вай дар роҳандозии ҷунбиши демократӣ дар Венесуэла, муқовимат дар баробари ҳукумати кунунӣ дар Каракас ва дифоъ аз ҳуқуқи башару озодиҳои маданӣ” хонд, қадрдонӣ кард.

Эҳдои ҷоизаи Сулҳи Нобел ба Мачадо дар ҳолест, ки бархе мақомоти Норвегия дар рӯзҳои ахир аз эҳтимоли вокуниши тунди Трамп дар ин замина ибрози нигаронӣ карда буданд. Трамп, ки аз соли 2018 то кунун чандин бор худро номзади дарёфти ин ҷоиза карда буд, борҳо худро шоистаи дарёфти ин ҷоиза эълом карда ва ҳушдор дода буд, адами интихоби вай тавҳин ба Амрико аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha